Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд

Февраль 24, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Нигина Ализода ва Александр Хвтисиашвили баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ  дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ табодули афкори судманд доир шуд. Дар ин росто азми ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид