Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 23, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 6 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан, аз ҷумла павловния, сада, сафедори калифорниягӣ зимни маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар  шаҳри Турсунзода баргузор гардид, шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки бо ташаббуси  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр баргузор гардид, зиёда аз 6 ҳазор  сокинони ҷамоатҳои деҳот ва кормандони касбу кори гуногуни шаҳр  фаъолона иштирок намуда, дар ободонӣ ва сабзазоркунии муҳити зист саҳми  сазовор  гузоштанд.

Иқдоми мазкур ба беҳтар намудани вазъи экологӣ, васеъ намудани майдонҳои сабз ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» соли 2026 дар шаҳри Турсунзода беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида мешавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд