Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад

Февраль 18, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 22 феврал дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда шуда, баландшавии  ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад. 21 феврал бориши борон дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 21 феврал дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 21 феврал дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм ва 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 13+18 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм ва 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо  21 феврал дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 20-21 феврал дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, 21-22 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 21 феврал дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 21 феврал дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм ва 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзонаи 21 феврал дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид