Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Мусобиқаи байналмилалии «Prayer for Peace; Hiroshima International Youth Soccer Games», ки дар Ҳирошимаи Ҷопон ба анҷом расид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, давоми мусобиқа дастаи мо се бозӣ анҷом дода, бо Академияи «Санфречче Ҳирошима» ҳисобро мусовӣ (2:2) намуда, бозиро бо дастаи мунтахаби наврасони Ҷопон (0:1) ва дастаи музофоти Ҳирошима (0:2) бохт.
Иштирок дар ин мусобиқа барои наврасони тоҷик марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати қитъавӣ дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) неру месанҷад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






