Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид

Февраль 6, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бишкек  Форуми B5+1 баргузор гардид, ки зимни ифтитоҳи он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода сухан намуд. Раиси кумита ҳавасмандии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои ҳамкории зич ва самараноктар таъкид намуда, инчунин самаранокии қолаби C5+1-ро ҳамчун платформаи ҳамкории амалӣ арзёбӣ кард.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилоти байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико иштирок  намуданд.

Форуми B5+1 ба масъалаҳои беҳтар намудани муҳити  соҳибкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкорӣ байни соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои минтақа бахшида шуд.

Таъкид гардид, ки Саммити «Осиёи Марказӣ – Амрико» ва конфронси соҳибкорие, ки дар доираи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд, ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ такони нав бахшиданд.

Султон Раҳимзода инчунин ба иқтидори сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалишаванда барои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, рушди иқтисоди «сабз», энергетика ва технологияҳои рақамӣ, ҳавасмандии мамлакат ба густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои амрикоӣ ишора намуд.

Кори форуми B5+1 дар шакли ҷаласаҳои панелӣ ва муҳокимаҳои мавзуӣ идома ёфт.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид