«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз ҳазор гектар ҷангал бунёд карда шуд

Февраль 4, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар майдони умумии 3276,3 гектар иҷро гардид. Аз он бунёди ҷангал 1097,4 гектар, барқароркунии ҷангал 1862,9 гектар ва бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон 316 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Абдуҷаббор Юсуфзода гуфт, ки инчунин корҳои пурракунии зичии ниҳолҳо дар 1024,5 гектар ва нигоҳубини ҷангал дар 13 182 гектар гузаронида шуда, пешбурди корҳо дар ин самт идома дорад.

Ҳамзамон дар ин давра аз тарафи муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварии низоми Агентӣ ба миқдори зиёда аз 43,4 тонна тухмиҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва ҷангалташкилкунанда ҷамъоварӣ карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040” қабул намудааст. Дар асоси он дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳандаи мутобиқ ба иқлими мамлакат шинонида ва парвариш карда мешавад. Ба ин восита то соли 2040 Тоҷикистон ба «мамлакати сабз» табдил меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид