Моҳи ноябр Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ — имконияти рушд» баргузор мешавад

Февраль 10, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 10.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон байни донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ-имконияти рушд» баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва ва технологияҳои рақамиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ-имконияти рушд» бо мақсади иҷрои банди 36-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мегардад.

Агентии инноватсия ва ва технологияҳои рақамиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти алоқа, Академияи миллии илмҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД «Шаҳри ҳушманд» ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани ин озмун вазифадор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 24 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ-имконияти рушд» дарёфти беҳтарин мутахассисон дар ин самт, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба ин соҳа, рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар мамлакат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 10, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд