Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид

Февраль 6, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрии майдонҳои кишти зироат, инчунин раванди кишти картошка ва дигар сабзавоти барвақтӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад.

Гурӯҳи корӣ дар навбати аввал бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» шинос шуд. Сипас дар киштзори хоҷагии ба номи А. Ҷумъаеви ноҳия бо роҳбарияти ноҳия, хоҷагидорон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот қоидаҳои агротехникии кишти барвақтии сабзавот, аҳамияти захиракунии обҳои худҷорӣ барои нигоҳдории намии замин ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аъзои гурӯҳ ҳамчунин дар ин рӯз бо фаъолияти коргоҳи парандапарварии «Чӯҷаи байзо» шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки дастуру тавсияҳои пешниҳоднамудаи аъзои гурӯҳи корӣ барои ҳадафнок ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи кишоварзони ноҳия ва рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидати ҳамаҷониба мекунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Февраль 6, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид