НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 467 тафтишу санҷиш гузаронида шуда, ба маблағи 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки бо назардошти рӯёнидани бақияи зарари соли қаблӣ — 951,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла 704,4 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 246,8 миллион сомонӣ ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ барқарор карда шуд.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия изҳор намуд, ки аз ҳисоби таъйини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ ба буҷети давлат 19,9 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
Дар маҷмуъ, соли 2025 мақомоти Агентӣ аз рӯи ҳама самтҳои фаъолият ба суратҳисобҳои буҷети давлатӣ 724,3 миллион сомонӣ барқарор намуд, ки нисбат ба соли 2024 340,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
«Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1979 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои дар қонунгузорӣ пешбинишударо нисбат ба 1207 нафар ошкор намуданд. Вобаста ба ин ҷиноятҳо 819 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 1059 нафар ба судҳо фиристода шуд», -афзуд Сулаймон Султонзода.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 баррасии саривақтии 3869 муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардида, нисбат ба онҳо қарорҳои қонунӣ қабул карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






