НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд

Февраль 12, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 1042 нафар барои содир намудани 93 ҷиноят ошкору дастгир карда шуд. Дар ин хусус 12 феврал Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Рамазон Раҳимзода гуфт, ки сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ  348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистиро дастгир намуданд, ки 153 нафарашон ҷавонон мебошанд. Вобаста ба пешгирӣ намудани маводи нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 5 тоннаю 280 килограмм воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Соли 2025  141 гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ҳайати 340 нафар ва 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоб дар ҳайати 24 нафар  дастгир гардид.  Дар умум аз  ин гурӯҳҳо 2 ҳазор килограмм маводи мухаддир, зиёда аз 90 ҳазор адад ҳабҳои синтетикӣ ва мадҳушкунанда мусодира карда шуд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки  соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳама субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ 23 ҳазору 448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии он дар давраи ҳисоботӣ 78 фоизро ташкил медиҳад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад