НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба гардиши кишоварзӣ 567 гектар замин ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, корҳои муайян ба сомон расонид. Соли 2025 567 гектар аз ин намуди заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида ҳамчунин масоҳати заминҳои обӣ 819 гектар зиёд шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.
Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд, зеро то ҳол дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 545 гектар заминҳои партов ва 7 ҳазору 128 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуданд. Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ менамояд.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи беш аз 19 миллион сомонӣ корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷет иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 117,8 фоизро ташкил доданд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 37398 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 2560 хоҷагии деҳқонӣ, 82 хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ, 26 885 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 504 адад дигар намуди хоҷагидорӣ, 7367 адад дигар намуди қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шуда, истифодабарандагони замин бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардиданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар гармхонаҳои Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз ҷониби судҳои иқтисодии Тоҷикистон 3 ҳазору 932 парванда баррасӣ карда шуд
Кишти барвақтӣ ва омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид
Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд
Моҳи ноябр Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ — имконияти рушд» баргузор мешавад
Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 27 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор шуд
Дар самти рақамикунонӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ беш аз даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расонид






