Дар самти рақамикунонӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ беш аз даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ниҳодҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ дар самти рақамикунонӣ тақвият медиҳад.
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа бо кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Эрон, Муғулистон, Узбекистон, Амрико ва Ҷопон 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид.
«Ҳамчунин бо мақсади амалӣ гардонидани гузариши пурра ба низоми рақамӣ, харитасозии самаранокии равандҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар раванди рақамикунонӣ бо 50 вазорату идораи дахлдор нақшаҳои муштараки амал ба имзо расонида шуданд», — афзуд Хуршед Мирзо.
Инчунин таъкид гардид, ки барои муаррифии имконияти соҳа дар сатҳи байналмилалӣ дар Амрикову Ҷопон форумҳои соҳавӣ баргузор гардида, дар он иқтидори ширкатҳои соҳаи IT-и Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Соли 2025 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо бо зиёда аз 900 хизматрасонӣ ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо пайваст шудаанд. Инчунин интернет-портали ягонаи давлатӣ (ehukumat.tj) ҳамчун инфрасохтори мутамаркази миллии иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия ва ба истифода дода шуд, ки дар доираи он сомонаҳои беш аз 80 мақомот ва ташкилоти давлатӣ муттаҳид гардидаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






