НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт

Февраль 2, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 аз тарафи мутахассисони Агентӣ ба миқдори 1 миллиону 228 ҳазору 546 килограмм  маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои муовини якуми директори Агентӣ Раҳмоншо Мирзоён, ин шумора соли 2024  1 миллиону 11 ҳазору 801 килограммро ташкил медод. «Соли 2025 дар озмоишгоҳҳои Агентӣ 18 ҳазору 896 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 104 ҳазору 258 килограмм равғани растанӣ, 6769 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12 ҳазору 305 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 31 ҳазору 59 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 1939 килограмм консерва, 166 ҳазору 470 килограмм намак, 4323 килограмм меваи хушк, 6405 килограмм чой, какао, 51 ҳазору 915 килограмм орд, 255 ҳазору 153 килограмм маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.

Ба таъкиди муовини якуми директори Агентӣ, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025 дар бораи эълон намудани мораторий ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ» аз 11 феврали соли 2025 ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ гардид.

«Дар робита ба ин зимни вохӯрӣ ва машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд. Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид гардидааст», -афзуд Раҳмоншо Мирзоён.

Ба иттилои муовини якуми директори Агентӣ, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост 585 ҳазору 635 килограмм (500 ҳазор килограмм маҳсулот танҳо давоми моҳҳои май — декабри соли 2025) маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолаш гузашта буд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд