ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд

Февраль 17, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар натиҷа ҷуфтҳои даври нимниҳоӣ муайян карда шуданд. «Барқчӣ»-«Ҳосилот» ва «Панҷшер»-«Ҳулбук» дар даври нимниҳоӣ рақобат хоҳанд кард. Бозиҳо имрӯз, 17 феврал дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони даври нимниҳоӣ ба финал роҳ меёбанд ва дастаҳои мағлубшуда барои зинаи сеюм рақобат мекунанд. Бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.

Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад