ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро, ки дар ҷамъбасти сол (16 декабри 2025) пешниҳод гардид, метавон Паёми навин ва навиди пирӯзиҳои халқи тоҷик дар соли 2025 номид. Аз рӯйдоди таърихии ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалнашуда ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ бо кишварҳои ҳамсоя то ба мизбонии Тоҷикистон дар нахустин Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар ҳифзи пиряхҳо ва бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудани қатънома дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ” ва тозатарин хабари бо ташаббуси Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатъномаи махсуси “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” аз ҷумлаи навидҳои пирӯзии сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.
— Пазируфтани ташаббусҳои дигари давлати мо бо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 “Соли байналмиллалии маърифати ҳуқуқӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим низ гувоҳи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон мебошад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ навидҳои зиёде буданд, ки аз пирӯзиҳои нав ба нави миллату мамлакатамон хабарҳои умедбахшу нишотовар медоданд. Бахусус ин навид, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлоли энергетикии мамлакат таъмин мегардад, хеле фараҳбахш буд.
Ҷолиб ин аст, ки андешаҳои ватандӯстонаи Пешвои миллати мо ҳампою ҳамқадами ҷаҳони мутараққӣ буда, дар фикри чораҳое низ ҳастанд, ки халқ ва мамлакати мо аз раванди рушди ҷаҳонии замона берун ё қафо намонанд. Аз ин рӯ супориши Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳнӣ, яъне Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди “маълумоти сабз” (дата-сентрҳо) хеле ҷолибу қобили қабул мебошад.
Яке аз масъалаҳои хеле муҳиму ҷиддие, ки дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамеша дар мадди назару таваҷҷуҳашон мебошад, ин ҳифзи амнияти озуқаворӣ аст, ки имрӯз яке аз ҳассостарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Зеро тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид.
Сиёсати ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ки солҳо зери таваҷҷуҳи Пешвои миллати мо қарор дорад, чунин самараҳое дода, ки сатҳи он аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардидааст. Ҳамин сиёсати дурусти Сарвари давлат ва чораҳои саривақтӣ мебошанд, ки чунонки дар ин санади муҳим омадааст, “кишоварзони мамлакат, хусусан дар дар шароити номусоиди обу ҳавои соли равон, аз ҷумла хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин менамоянд”.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои вазъи роҳу шоҳроҳҳо ва дастоварду нақшаҳои бузург дар ин самт дастуру супоришҳои саривақтӣ доданд. Яке аз ҷиддитарин масъалаҳо масъалаи савод ва ҳунаромӯзии ҷавонон аст. Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд, ки “агар мо хоҳем давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”.
Дар робита ба масъалаҳои илму маориф Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад. Натиҷаи кӯшишу талошҳои Сарвари давлатамон аст, ки соли 2025 бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва солҳои 2025-2034 “Даҳсолаи илмҳои киосфера” эълон гардиданд. Дар робита ба ин дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ки Муасисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии омӯзиши пиряхҳо ва киосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шавад.
Президенти Тоҷикистон дар мавриди бедор намудани хотираи таърихӣ ва нақши он дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон сухан ронда, аз таваҷҷуҳи ҳукумат ба ин масъалаи муҳим ибрози андеша намуданд. Хотиррасон карда шуд, ки дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг сохта, ба истифода дода шуд ва 350 иншооти дигари ин соҳа таъмиру навсозӣ гардид.
Аз далелҳои нишотбахше, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ садо доданд, метавон ин рақамҳоро овард, ки дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо расонида шуд. Ва яке аз падидаи беназиру дурахшон ин буд, ки бо дастури Сарвари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Президенти фарҳангпарвару ватандӯстамон мероси таърихию фарҳангиро “шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик” номидаанд. Қабул гардидани қатъномаҳо дар хусуси эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 аз ҷониби ЮНЕСКО далели “эътироф ва ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад”.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ боз як пешниҳоди фарҳангпарваронаи дигар намуда, ба вазоратҳои корҳои хоиҷӣ ва фарҳанг супориш доданд, ки барои ба феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ, ки саҳми бузурге дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ гузоштааст, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Президенти Тоҷикистон аз саҳми гузаштагони некноми мо – ориёиҳо дар забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, ба мерос гузоштани тамаддуну фарҳанги ҷовидона бо ифтихор сухан гуфта, таъкид доштанд, ки “мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, бешубҳа, саросар аз пайку навидҳои тозаи нишотангез, раҳнамо ва илҳомбахшу руҳбаландкунанда иборат буд, ки пайваста сазовори истиқболи гарму самимонаи ҳозирин гардид. Аммо ду супориш ва пешниҳоди Сарвари давлат он қадар руҳафзову шоиста буданд, ки бо кафкӯбиҳои бардавоми сари по истиқбол ёфтанд. Воқеан ин ҳарду пешниҳод бори дигар намои дурахшони сиришти миллатдӯстонаи Пешвои муаззами миллатанд. Хусусан дастури Президенти Тоҷикистон дар мавриди дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Маркази тамаддуни ориёӣ ва дар баробари ин дар пойтахти ватанамон таъсис додани Маркази байналмилалии Наврӯз.
Дар ин иқдоми дурахшони Пешвои миллатамон муҳаббат ва ифтихори баланд ба Ватану миллат, гузаштаи пурифтихори он, арҷгузории ибратангезашон ба таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо намои муҷалло дорад.
Хуҷастагиҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷамъбасти соли 2025 хеле зиёданд, аз хушхабари афзоиши маошу нафақа то ба арҷгузорӣ ба занону модарон, нақши онҳо дар тарбияи насли нав; ғамхорӣ ба ҷавонон; шуғли аҳолӣ ва хусусан таъмини мутахассисону ҷавонон бо ҷойи кор; равнақу ривоҷи соҳаи мактабу маориф, тандурустӣ; истифодаи пурсамари заминҳо, бунёди иншооти нав, арҷгузорӣ ба соҳибкорони ватанӣ; баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ; низоми маблағгузорӣ ва ғайраҳо.
Дар ин радиф аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба амнияти миллӣ низ аҳамият дода шуд: мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир; мубориза бо қонунвайронкунӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва ғайра, ки имрӯз мавриди назар қарор гирифтаанд.
Мо аминем, ки пас аз таъсис ва фаъол гардидани Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз иқдому амалҳои шоистаи ватандӯстонаи дигаре мардуми моро дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ роҳнамо хоҳанд гардид.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад






