Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба манзалати падару модар чунин ёдоварӣ намудаанд: «Дини ислом эҳтиром гузоштан ба мақому манзалати падару модарро аз ҷумлаи арзишҳои баланд дониста, хизмат ба онҳоро аз ҳама ибодатҳо боло гузоштааст. Ба ин маънӣ дар ҳадис омадааст, ки некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад».
«Риояи инсоф дар хариду фурӯши молу маҳсулот, худдорӣ кардан аз оростани дастархони серхарҷ ва истеъмоли аз меъёр зиёди хӯроки серғизо дар ин моҳ бисёр муҳим аст, зеро амалҳои зикршуда ба моҳияти ин моҳи муборак умуман созгор нестанд»,-чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳикматҳои моҳи Рамазонро дуруст дарк намуда, бо нияти нек ва қалби пок ба тоату ибодат машғул шуда, фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар мамлакати азизамон боз ҳам мустаҳкам мегардонанд.
Ҳамчунин иброз намуданд, ки парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд.
«Шахсе, ки дар ин моҳи муборак як амали нек ё як кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст»,- таъкид доштанд Пешвои миллат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд, ки шарти қабули амалҳои хайр анҷом додани онҳо аз рӯйи ихлос буда, дар иҷрои онҳо бояд ҳадди эътидол риоя гардад ва ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва худнамоию зиёдаравӣ роҳ дода нашавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






