Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид

Февраль 15, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 26 миллиарду 518 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиарду 598 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,3 фоиз, вилоятҳои Хатлон 103,1 фоиз, Суғд 107,1 фоиз, шаҳри Душанбе 119,8 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 109,5 фоиз ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 114,8 фоиз таъмин карда шуд.

Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои риояи қонунгузории андоз, тартиби пешниҳоди ҳисобот ва эъломияҳо дар шакли электронӣ, истифодаи модулҳои барномаи компютерӣ, хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз, аз ҷумла замимаи мобилии «Андози ман», пешгирии қонунвайронкуниҳо ва дигар масъалаҳои ба андозбандӣ алоқаманд зиёда аз 1,8 ҳазор машварат гузаронида шуд.

Инчунин дар моҳҳои апрел – декабри соли 2025 бо иштироки кормандони 40 вазорату идора машваратҳо баргузор гардиданд. Барои идома додани чунин корҳо соли 2026 тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд