СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 март дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) озмунҳои шаҳрии «Шаҳри ман — хонаи ман аст!», «Хоруғ аз нигоҳи ман!» баргузор карда мешаванд. Инчунин барои саҳмгузорӣ дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Хоруғ Гурӯҳи ихтиёрии бунёдкорӣ таъсис дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳадафи он вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар кӯчаю маҳал ва шаҳр мебошад.
Ободонию созандагӣ мафҳумҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон буда, пешрафт ва зиндагии шоистаи мардумро ифода менамоянд. Дар ин радиф корҳои ободу зебогардонӣ, сохтмони роҳҳо, боғҳои фароғатӣ, биноҳои баландошёнаи замонавӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба беҳбуди шароити зиндагии мардум ва афзун гардонидани зебоии Ватан равона мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ аҳолии мамлакатро даъват намуданд, ки «ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне, ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлат ва ободии Ватан кори неке анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 ва ба таври сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъат мегиранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






