То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» таҳия гардид, ки татбиқи он ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ равона шудааст. Татбиқи ин барнома имкон медиҳад, ки то соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, ба 325 миллиард сомонӣ баробар гардад. Дар ин хусус 11 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода баён дошт, ки дар доираи татбиқи барномаи қаблӣ барои солҳои 2021–2025 рушди иқтисоди миллӣ бо ҳисоби миёна 8,5 фоиз таъмин карда шуд. Дар ин замина, соли 2025 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 (83,9 миллиард сомонӣ) 93 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 4 ҳуҷҷати муҳими банақшагирии стратегӣ таҳия гардид.
Таъкид гардид, ки таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва густариши иқтидори истеҳсолии мамлакат мусоидат менамояд.
«Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд», -гуфта шуд дар нишаст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






