Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, мехоҳад дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок саҳмгузор бошад», — таъкид намуд имрӯз дар шаҳри Душанбе пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (AIIB) Тсзоу Ҷиайи.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Тсзоу Ҷиайи изҳор дошт, ки Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонк пешниҳодҳои муҳим намуданд, ки барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба заминаи устувор фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ омода аст ҳамкориро дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ, пайвастагии инфрасохтории минтақавӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ ба манфиати аҳолӣ густариш диҳад.
Президенти Бонк ҳамчунин ба аҳамияти рӯзмарраи ҳамгироии минтақавӣ ва рушди инфрасохтор ишора намуда, иброз дошт, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ва Тоҷикистон барномаҳои муштаракро дар самти пешбурди рушди миллӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавӣ ҷонибдорӣ менамоянд.
Ин нахустин боздиди Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайи аз Тоҷикистон буда, мавсуф таъкид кард, ки аз суръати рушд ва корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон таассуроти хуб бардоштааст.
«Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ нақша дорад, ки ҷузъи ҷудонашавандаи раванди рушди Тоҷикистон гардад», — афзуд Тсзоу Ҷиайи.
Дар идомаи сафар Президенти Бонк нақша дорад аз НБО-и “Норак” боздид намояд, то аз рафти татбиқи лоиҳа аз наздик шинос шуда, ҳамзамон имкониятҳои роҳандозии лоиҳаҳои нави инфрасохториро дар ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайиро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд.








Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории Корея ва давлатҳои Осиёи Марказиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид






