Ҳунармандони тоҷик дар Форуми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар Форуми 2-юми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунарҳо дар иқтисоди эҷодӣ», ки аз 1 то 3 феврал дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Иттиллоъ дода шуд, ки зимни чорабинӣ гӯшаи махсуси Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҳунари машҳури гулдӯзии сӯзанӣ омода гардида, ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳувият ва мероси фарҳангии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Бояд таъкид намуд, ки форуми мазкур ба баррасии нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таҳкими устувори иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ, рушди устувор ва навоварӣ, инчунин афзоиши аҳаммияти онҳо дар доираи стратегияҳои миллию минтақавии иқтисоди эҷодӣ равона гардидааст. Дар доираи чорабинӣ барномаи фарогири фарҳангӣ, ҳамзамон намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҷаласаҳои мубодилаи дониш бо иштироки ҳунармандон аз кишварҳои мухталиф баргузор мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи форум тақвияти омӯзиши байниминтақавӣ, густариши муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории фарҳангӣ, инчунин таҳкими шабакаҳои байналмилалие мебошад, ки ба дастгирии ҷомеаҳои ҳунармандон, мутахассисони соҳаи эҷодӣ ва созмонҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ равона шудаанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт













Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






