Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг, ки 30 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда, то 8 феврал идома меёбад, 22 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа тамоми гурӯҳҳои синнусолиро дар бар гирифта, ба варзишгарон имкон медиҳад, ки тибқи меъёри гуногун ба ҳам рақобат намоянд.
Ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ варзишгарони дорои имконияташон маҳдудро аз 30 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, ба саҳнаи намоёни қудрат, ирода ва маҳорати иштирокчиён табдил ёфтааст.
Дар ин мусобиқа паралимпичиёни дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок доранд. Ҳайати паралимпии Тоҷикистон аз 16 варзишгар ва 2 мураббӣ иборат буда, то имрӯз 22 медал ба даст оварданд.
Варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо бо дасти чап чунин ҷойҳоро соҳиб шуданд:
Ҷойи аввал (3 медал)
- Зиёдулло Баротов — вазни 65 кг
- Фирӯз Шамсудинов — вазни 90 кг
- Акмал Қодиров — вазни +90 кг
Ҷойи дуюм (3 медал)
- Ғуломова Фарзона — вазни 55 кг
- Хабибуллоев Наимҷон — вазни +100 кг
- Маматкулова Хонбува — вазни 55 кг
Ҷойи сеюм (5 медал)
- Мухамадиева Волидахон — вазни 65 кг
- Шокимова Зайнура — вазни 55 кг
- Талабшозода Сиёвуш — вазни 55 кг
- Насридинов Умед — вазни +100 кг
- Махабатов Исмоил — вазни 55 кг
Дар сабқатҳо бо дасти рост низ варзишгарони Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд:
Ҷойи аввал (1 медал):
- Акмал Қодиров — вазни +90 кг
Ҷойи дуюм (6 медал):
- Волидахон Муҳамадиева — вазни 65 кг
- Хонбува Маматкулова — вазни 55 кг
- Зайнура Шокимова — вазни 55 кг
- Исмоил Маҳабатов — вазни 55 кг
- Наимҷон Ҳабибуллоев — вазни +100 кг
- Фирӯз Шамсудинов — вазни 90 кг
Ҷойи сеюм (4 медал):
- Фарзона Ғуломова — вазни 55 кг
- Анвар Розиков — вазни 80 кг
- Зайнура Шокимова — баромад дар гурӯҳи «гранд-мастер», вазни 55 кг
- Умед Насридинов — вазни +100 кг
Дар маҷмуъ, то имрӯз варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 22 медал шуданд:
- 4 медали тилло
- 9 медали нуқра
- 9 медали биринҷӣ
Варзишгарони тоҷик бо маҳорати баланд ва иродаи қавӣ баромад намуда, шарафи варзиши мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки ин натиҷа яке аз нишондиҳандаҳои рекордӣ дар таърихи варзиши паралимпии кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистонро чор нафар аз ҳисоби бонувон ташкил менамоянд, ки мақоми варзиши Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ишғоли ҷойҳои намоён ба зинаи баланд расониданд.
Ёдовар мешавем, ки барои иштироки варзишгарон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ва сафарбарнамоии онҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қабл аз сафар бо онҳо машварати роҳнамоӣ баргузор гардид.



Ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ваъда доданд, ки дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шараф ва парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.
Иштироки муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба рушди армрестлинг ва пара-армрестлинг дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи варзишии байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд

















ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






