Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид

Март 25, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ соли 2025 аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» 120 ҳазору 69 воситаи ченаки корхона ва муассисаҳо бо сабаби муҳлати санҷишиашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан корношоям ҳисобида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади татбиқи қонунгузории соҳаи таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ соли 2025 аз ҷониби мутахассисон дар 766 корхона ва муассисаи давлатӣ корҳои фаҳмондиҳӣ  гузаронида шуда, 276 ҳазору 390 воситаи ченак аз санҷиш гузаронида шуд.

Инчунин бо мақсади татбиқи қонунгузории соҳаи таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ ва бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» давоми соли 2025 дар озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки Агентӣ 550 ҳазору 211 воситаи ченак аз санҷиши эътимоднокии давлатӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024    111 ҳазору 745 адад зиёд мебошад.

Аз ин шумора 444 245 ададро воситаҳои ченаке ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ 382 ҳазору 360  ҳисобкунаки барқӣ, 4734 сутунчаи тақсимоти сӯзишвории нафтӣ, 2443 сутунчаи гази моеъ, 442 автосистерна ва 161 махзани нигоҳдории сӯзишвории нафтӣ (резервуарҳо) аз санҷиши мутобиқат ва андозагирӣ гузаронида шуданд.

Соли 2025 аз тарафи мутахассисони Агентӣ ҳамзамон 54 ҳазору 105 ҳисобкунаки обӣ таҳти санҷиши мутобиқати давлатӣ қарор дода шуд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Март 25, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид