Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид

Март 4, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар мулоқоти директори Агентии инноватсия  ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф  дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ.

Мусоҳибон инчунин густариши истифодаи технологияҳои муосирро дар бахшҳои иқтисод ва низоми идоракунии давлатӣ  баррасӣ карданд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла бо Олмон барои интиқоли технология, ҷалби сармоя ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои рушди технологияҳои рақамӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дидан намуда, бо раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳо ва имконияти техникии марказ аз наздик шинос шуд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд