ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккиле, ки ба воридот ва паҳн намудани доруи психотропии «Прегабалин», ба истилоҳ «Лирика» машғул буд, муайян ва дастгир карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар маҷмуъ аз ин гурӯҳ 1 миллиону 114 ҳазору 800 дона капсулаи доруи «Прегабалин» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тибқи иттилои ин раёсат, сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Сабурҷон Аҳроров, соли таввалудаш 1978, бо тахаллуси «Азизҷон» муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабур фарма» ба шумор меравад.
Номбурда гарчанде иҷозатномаи махсус барои воридот ва хариду фурӯши яклухти доруҳои фармасевтӣ, нигаҳдорӣ ва муомилоти моддаҳои психотропӣ ва прекурсерҳои дар тиб истифодашавандаро дошта бошад ҳам, вале зимни амалисозии фаъолияти тиҷоратӣ талаботи қонунро сарфи назар намудааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки тибқи иҷозтнома воридоти солонаи доруи психотропии «Прегабалин» ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 600 ҳазор капсула муқаррар карда шудааст. Аммо ӯ бо мақсади ба даст овардани манфиати калони молиявӣ давоми ҳар се моҳ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор дона доруҳои психотропиро бо роҳи қочоқ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намуда, дар дорухонаҳо ба воситаи дигар ҳаммаслаконаш ба фурӯш мегузоштааст.
Тавре дастгиршуда Сабурҷон Аҳроров мегӯяд, ӯ ҳар сол 5-6 маротиба ин навъи доруро ба Тоҷикистон ворид карда, ба дигар дорухонаҳо мефурӯхтааст.
Нафари дигари воридкунандаи доруҳои психотропӣ сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Умедҷон Қудбиддинов, соли таввалудаш 1988 мебошад. Номбурда низ бо истифода аз иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабур фарма» бо роҳи қочоқ доруҳои психотропиро ворид мекардааст. Сокини шаҳри Ҳисор Насимҷон Бурҳонов ва сокини шаҳри Душанбе Абубакр Ҳалимов маводи психотропиро аз Умедҷон Қудбиддинов харида, ба шаҳрвандон мефурӯхтаанд. Дар умум аз ин гурӯҳи муташаккил 605 ҳазору 800 капсула «Прегабалин», ки 160 килограммро ташкил медод, дарёф ва мусодира карда шуд.
«Ман ба хариду фурӯши доруи «Прегабалин» машғул ҳастам. Доруро 230 сомонӣ мехарам, 310 сомонӣ мефурӯшам. Аз як қуттӣ дору 80-90 сомонӣ фоида мебинам», – изҳор доштааст Умедҷон Қудбиддинов зимни суҳбат бо масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Ҳамчунин зимни ба фурӯш гузоштани чунин маводи психотропӣ аз ҷониби масъулини милитсияи пойтахт сокини 36-солаи шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назарзода дастгир карда шуд. Аз номбурда беш аз 9 ҳазор адад чунин доруҳои психотропӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Шаҳбоз Назарзода низ ин доруҳоро аз роҳбари гурӯҳ Умедҷон Қудбиддинов дастрас намуда, ба дигар шаҳрвандон мефурӯхтааст.
Инчунин зимни коркардҳои оперативӣ сокини шаҳри Кӯлоб Вафоҷони Бег, соли таваллудаш 1992 ва сокини шаҳри Бохтар Сино Зубайдов, соли таваллудаш 1990 дастгир карда шуданд. Зимни кофтуков аз дохили воситаи нақлиёти номбурдагон дар ҳаҷми 70 ҳазор дона капсулаҳои «Прегабалин» ошкор карда шуд. Зимни тафтиш муайян карда шуд, ки ин доруҳоро аз шаҳрванд- сокини шаҳри Истаравшан Абдураҳмон Ғаниев дастрас намуда, ба дигар шаҳрвандон мефурӯхтаанд.
«Муддати 8 моҳ мешавад, ки дар тарафи бозори Саховат дорухона дорам, ин доруҳоро ба маблағи 10 сомонӣ бе дорухати духтур мефурӯшам», – мегӯяд дастгиршуда Вафоҷони Бег.
Дар натиҷаи корҳои оперативӣ Абдураҳмон Ғаниев низ дастгир гардида, аз ин гурӯҳ дар умум 500 капсулаи «Прегабалин», ки 150 килограммро ташкил медиҳад, мусодира карда шуд.
Бо назардошти далелҳои ҷамъоварда нисбат ба паҳнкунандагони асосии моддаҳои психотропӣ Сабурҷон Аҳроров ва Умедҷон Қудбиддинов, ки бо роҳи қочоқ ва воридот ба паҳнсозии моддаҳои психотропӣ машғул буданд, бо моддаи 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Ҳамзамон нисбат ба аъзои дигари ин гурӯҳ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷарима баста шуданд.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, доруи психотропии «Прегабалин» дар тиб асосан барои муолиҷаи бемориҳои гуногуни равонӣ- эпилепсия ва асабонияти шадид пешбинӣ гардидааст. Фурӯш ва истеъмоли он танҳо бо дорухат ва тавсияи табибон иҷозат дода мешавад. Вале, мутаассифона, солҳои охир истифодаи ғайримақсадноки ин доруи баландтаъсир дар байни ҷавонону наврасон афзоиш ёфтааст. Истеъмоли ин доруи сахттаъсир метавонад боиси гирифторӣ ба бемориҳои мушкили равонӣ ва паст шудани қобилияти иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон гардад.
Ба иттилои табибон, истеъмоли нодурусти доруҳои психотропӣ сабаби суст шудани фаъолияти майна ва қобилияти фикрронӣ, халалдор шудани фаъолияти системаи асаб, пайдо шудани изтироб, депрессия, паст шудани хотира ва диққат, вайроншавии хоб ва хастагии доимӣ ва коҳиш ёфтани қобилияти иҷтимоӣ мегардад.
Ба андешаи равоншинос Марям Давлатова, яке аз сабабҳои асосии рӯ овардани ҷавонону наврасон ба истифодаи доруҳои психотропӣ мушкилоти дохили оила мебошад.
«Дар баъзе ҳолатҳо падару модарон аз мушкилоти равонии фарзандони худ огоҳ нестанд ё наметавонанд ба онҳо таваҷҷуҳ ва меҳру муҳаббати кофӣ зоҳир намоянд. Ин ҳолат метавонад боис гардад, ки ҷавонон дар ҷустуҷӯи роҳи халосӣ аз мушкилот ба истифодаи чунин мавод рӯ оваранд», – мегӯяд равоншинос Марям Давлатова.
Ба андешаи равоншинос, дар ин маврид дар баробари оила муассисаҳои таълимӣ низ бояд масъулияти бештар эҳсос намоянд. Зеро маълум аст, ки ҳеҷ кас чунин доруҳоро мустақиман ба хонаи наврасону ҷавонон бурда намедиҳад. Одатан онҳо ин гуна маводро аз муҳити дӯстону ҳамсолонашон дастрас мекунанд.
Ҳамсуҳбати мо яке аз омилҳои муҳими паҳншавии чунин ҳолатро ноогоҳии наврасон ва ҷавонон аз таъсири манфии доруҳои психотропӣ арзёбӣ намуда, дар ин самт бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро афзалиятнок мешуморад. Ӯ мегӯяд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо муҳити солими оилавӣ аҳамияти калон дорад. Падару модарон бояд нисбат ба рафтор, муҳити иҷтимоӣ ва ҳолати равонии фарзандонашон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
«Баъзе волидайн ҳангоми ба миён омадани мушкилоти тарбиявӣ масъулиятро ба дӯстон ё муҳити иҷтимоии фарзанд нисбат медиҳанд. Масалан, мегӯянд, ки бо фалон нафар дугона ё дӯст шуд ва ба ҳамин роҳ рафт. Ин дар ҳолест, ки раванди тарбия аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани кӯдак оғоз мегардад», – андеша дорад равоншинос.
Марям Давлатова изҳор дошт, ки тарбияи фарзанд кори осон нест. Шояд яке аз мушкилтарин вазифаҳо дар зиндагӣ маҳз тарбияи фарзанд бошад. Бо вуҷуди ин, ҳар падару модар бояд барои таъмини тарбияи дуруст ва муҳити солими равонӣ дар оила кӯшиш намуда, роҳи ҳалли онро пайдо намояд.
Бо назардошти тамоюли афзоишёбии истеъмоли ин мавод дар байни наврасон шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват карда мешаванд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва барои пешгирии ин омили номатлуб ва ё огоҳ будан аз ҳолати чунин наврасону ҷавонон ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ 5 тоннаю 280 кг маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 898 кг 835 грамм ё 21 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 253 кг 417 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуданд, ки нисбат ба соли 2024 142 кг ё 2 маротиба зиёд мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд






