Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд

Март 23, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози сабти номи намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро барои иштирок дар бозтоби иттилоотии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028 эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конфронс 25–28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Чорабинӣ дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони асосии байналмилалӣ ташкил карда мешавад.

Сабти номи намояндагони ВАО то 10 майи соли 2026 идома ёфта, тавассути торнамои расмии конфронс амалӣ мегардад.

Иштирок дар чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки аз ҷараёни форумҳо, сессияҳои мавзуӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд иттилооти муфид дастрас гардад. Дар доираи онҳо мансабдорони сатҳҳои гуногун аз кишварҳои мухталифи дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин коршиносони варзидаи соҳа иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Конфронс имконияти арзанда барои инъикоси ҳамаҷонибаи мавзӯъ ва равшаннамоии ҷанбаҳои муҳими чорабинӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид