ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд

Март 17, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 апрели соли 2026 дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи инфиродии Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони шинохтаи тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) дохиланд. Инҳо Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Шодмон Ризоев дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг (байни мардон) ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг (байни занон) мебошанд.

Барои иштирок дар мусобиқаи инфиродии Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 83 варзишгар (49 мард ва 34 зан) аз 10 давлат номнавис шуданд. Дар ин мусобиқа варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли 2025 дар шаҳри Бангкоки Тайиланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 17, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад