Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд

Март 10, 2026 09:41

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 март дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва намондагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Иштирокчиён зимни ҷаласа роҳу усулҳои пешгирикунанда, механизми муосири корбарӣ ва муқовимат ба савдои одамонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки афзоиши зуҳуроти номатлуби савдои одамон боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва паст гардидани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои охир бархе нафарон ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол менамоянд.

Таъкид шуд, ки поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва халалдоркунии суботи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа метавонад ба низоми сиёсии давлат таъсир гузорад. Аз ин лиҳоз дар дохил ва хориҷи мамлакат барои коҳиш додан ва пешгирии он чораҷӯӣ карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд. Дар ин раванд бо мақсади роҳ надодан ба ҳама гуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҷумҳурӣ мақомоти дахлдори давлатӣ дар мавқеи ҳифзу риояи ҳуқуқи инсон фаъолияти натиҷабахш доранд.

Ёдовар мешавем, ки мақсади Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон аз он иборат аст, ки фаъолияти ин комиссия дар ҳамбастагӣ дуруст ба роҳ монда шуда, сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳама омилҳое, ки дар раванди мубориза бо он монеа эҷод мекунанд, бартараф карда шаванд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 10, 2026 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд