Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид

Март 11, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврӣ яке аз муҳимтарин пояҳои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва омили муҳими рушди фарҳангиву маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Дар давраи истиқлоли давлатӣ рушди воситаҳои ахбори омма, бахусус матбуоти даврӣ бо сиёсати давлатӣ ва дастгирии роҳбарияти ҷумҳурӣ робитаи зич дорад. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускор ва ҳомии рушди матбуоти миллӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода 10 март зимни ҳамоиш бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ» баён намуд.

Бобоҷон Сатторзода баён намуд, ки давоми зиёда аз як аср матбуоти тоҷик дар ҳама давраҳои таърихӣ — аз муборизаҳои маърифатпарварӣ то солҳои бунёди давлатдории навин нақши муҳим бозидааст. Қаламкашони ватандӯст бо сухани ростин ва андешаи созанда дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.

«Ҳоло дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва фазои рақамӣ масъулияти рӯзноманигорон боз ҳам бештар гардидааст. Ҷомеа ба матбуоти касбӣ, таҳлилӣ ва боэътимод ниёз дорад. Вазифаи асосии аҳли матбуот аз он иборат аст, ки воқеиятро бо садоқат ба ҳақиқат инъикос намуда, ба таҳкими суботи ҷомеа, рушди маънавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон мусоидат намоянд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ фазои мусоиди рушди воситаҳои ахбори омма фароҳам омадааст. Даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият намуда, дар инъикоси дастовардҳои ҷомеа, тарғиби фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми назаррас мегузоранд»,-иброз дошт Бобоҷон Сатторзода.

Дар ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода низ дар мавриди сиёсати давлат дар самти дастгирии воситаҳои ахбори омма ва аҳли қалам сухан намуд. Иброз гардид, ки дар давраи истиқлолият барои рушди матбуоти даврӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро танзим ва ҳимоя мекунанд. Дар ин раванд сиёсати давлатии дастгирии воситаҳои ахбори омма ва таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ нақши муҳим бозидааст. Қонунҳои марбут ба воситаҳои ахбори омма, дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти нашрияҳо ба ташаккули фазои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ мусоидат намуданд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки матбуот сарчашмаи худогоҳию маърифат ва муаррифи миллатҳо буда, дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Маҳз фаъолияти босамари аҳли қалам ва инъикоси воқеъбинонаи рухдодҳо сабаби болоравии худшиносӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии давлатҳо мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Март 11, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд