Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид

Март 19, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар фазои гарму самимӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар саҳни донишгоҳ намоиши таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир шуда, фазои хоси наврӯзиро фароҳам овард.

Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода гуфт, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, дӯстӣ ва ҳамдилӣ дар ташаккули арзишҳои маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун ҷашни ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Таъкид шуд, ки гиромидошти Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон барои таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ аҳамияти бузург дорад.

Дар идома ба омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни фаъол мукофоту сипосномаҳои ниҳодҳои мухталиф тақдим карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Март 19, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд