Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши махсуси асарҳои кафедравӣ таҳти унвони «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.
Дар асарҳо мавзуъҳои Ватан, истиқлолият, табиат ва ҳаёти мардум ба шакли ҷолиб ва бадеӣ инъикос ёфтаанд.
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Сироҷиддин Ҷурахонзода иброз намуд, ки «мо дар намоиш маҳорати эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни худро мебинем, ки баёнгари ҳисси ифтихор ва меҳри онҳо ба Истиқлолияти давлатӣ ва санъати миллӣ мебошад».
Ба эҷодиёти омӯзгорону шогирдон баҳои баланд дода шуда, аҳамияти рушди санъат ва нақши кафедраҳо дар тарбияи насли нави ҳунармандон муҳим арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки ҳар асар инъикоскунандаи эҷод ва ҳисси баланди эстетикӣ буда, нишон медиҳад, ки донишҷӯён техника ва маҳорати касбиро азхуд карда, метавонанд дар рушди ҳунар ва пойдории анъанаҳои мактаби классикӣ низ саҳм гузоранд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид






