Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид

Март 6, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи Модар дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва намояндагони ҳукумати мамлакат бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Зимни ҳамоиши фарҳангӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат  таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мақому манзалат ва  эҳтироми Зан – Модарро ба таври шоиста қадр  менамояд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди  Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону модарон ва далели равшани дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Бо назардошти он, ки занону модарон  дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.

«Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони мо тавонистанд, ки дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолият намоянд.  Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар оила вобаста бошад, пас ободии ҳар хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан — модар вобаста аст», – изҳор гардид зимни ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки модари тоҷик давоми тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаю хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Дар ҷараёни ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бошукуҳи  фарҳангӣ доир гардид.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд