Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад

Март 24, 2026 09:40

ХОРУҒ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон гармхонаи доимии муосир бунёд мегардад. Дарозии гармхона  80 метр ва паҳноии он 40 метр буда, корҳои сохтмониро  Ҷамъяти масъулияти маҳдуди «Ситоиш» аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бар уҳда дорад. Мутахассисону коргарони  ин ҷамъият дар бунёди гармхонаҳои муосир таҷрибаи ғанӣ доранд ва тасмим гирифтаанд, ки то даҳаи аввали моҳи апрел ин гармхонаи замонавиро ба истифода диҳанд.

Сардори бахши кишоварзии ноҳияи Шуғнон Абдуласан Мамадасанов гуфт, ки дар чанд соли охир  талаботи аҳолии вилоят нисбат ба сабзавоти тару тоза дар ҳама фаслҳои сол зиёд шудааст. Аз ин рӯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯшиш мекунад, ки шумораи гармхонаҳои доимамалкунандаи муосирро афзоиш диҳад. Ба ин васила сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар фасли зимистон низ бо сабзавот таъмин карда мешаванд. Дар шароити кӯҳистон, ки замини корам кам буда, иқлими  сард то ҳафт моҳ давом мекунад, дар чаҳор фасли сол таъмин кардани аҳолӣ бо сабзавоту тару тоза хеле душвор аст. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳарчӣ бештар бунёд кардани  гармхонаҳои доимамалкунанда мебошад. Ин тадбир барои рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, соҳибкорону кишоварзони вилоят имкон пайдо мекунанд, ки  бозорҳои ин минтақаи кӯҳсорро бо маҳсулоти босифат таъмин намоянд.

Ҳоло дар ноҳияи Шуғнон 72 гармхонаи мавсимӣ, ки масоҳати умумиашон 4 ҳазору 225 метри мураббаъ аст, аҳолиро аз оғози фасли баҳор то охири мавсими гармӣ бо навъҳои гуногуни меваю сабзавот, ба монанди помидору бодиринг, қулфинай ва кабудӣ таъмин мекунанд.

Март 24, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад