Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд

Март 26, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 31 497 метр ба нақша гирифта  шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Соли 2025 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29 ноябри соли 2024 барои корҳои сохтмонӣ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 21 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки тавассути он ба дарозии 200 метр соҳилҳо мустаҳкам карда шуданд.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  бо мақсади иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегарданд.

“Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст. Дар ҳолати иҷро шудани  ҳадафҳои барнома имкон аст, ки заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халқ аз таъсири селу обхезиҳо ҳифз карда шаванд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар  фаслҳои  баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва бориши зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад, ки ин ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад