Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад

Март 26, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ панҷ барнома мавриди амал қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ҷумла, «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028»  бо арзиши умумии 2 миллиарду 241 миллион сомонӣ мавриди амал қарор доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар доираи ин барномаҳо ҳолати мелиоративии ғайриқаноатбахши 12 842 гектар  беҳтар карда шуд. Инчунин 1796 гектар (128 фоизи нақша) ба маблағи 6 миллиону 30,4 ҳазор сомонӣ заминҳои аз гардиши кишоварзӣ  берунмонда барқарор карда шуда, барои 28 пойгоҳи обкашӣ таҷҳизоти каммасрафи барқӣ харида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»