Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрам ва дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар шароити ҷаҳонишавии муосир» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, конференсия ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ бахшида шуд.
Иброз гардид, ки рушди мошинсозӣ ва татбиқи технологияҳои муосири истеҳсолӣ омили муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад. Ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ метавонад ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мусоидат намояд.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши корҳои таҳқиқотиро дар ин самт махсус таъкид намуданд.
Конференсия дар бахшҳои «Саноати мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияҳои моддаҳои навин», «Технологияи истеҳсолӣ», «Технологияи химиявӣ ва металлургия», «Илмҳои бунёдӣ (математика, физика, химия)», «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» идома ёфта, маърузаҳои донишҷӯён, муҳаққиқони ҷавон ва олимон шунида шуданд. Масъалаҳои марбут ба такмили равандҳои технологӣ, истифодаи маводи нав, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва рақамикунонӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба конференсия аз муассисаҳои таҳсилотию илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат қариб сад мақолаи илмӣ пешниҳод гардид.
Иштирокдорони конференсия баргузории чунин чорабиниҳоро барои таҳкими ҳамкории илмӣ, табодули таҷриба ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






