Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»

Март 19, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр баён намуданд, ки имсол иди Фитр ба арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯзи бостонӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад, ки бисёр рамзӣ мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат дар идома илова намуданд, ки иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодии мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд ва имрӯз баргузории озодонаи онҳо ба мо муяссар гардид.

Дар робита ба иди сайиди Фитр Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки ин ид мисли дигар анъанаву суннатҳои милливу эътиқодии мо дарбаргирандаи арзишҳои зиёди ахлоқиву маънавӣ мебошад.

«Аз ҷумлаи суннатҳои неке, ки барои истиқболи он аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонашон мерос мондааст, хайру саховат кардан ба ниёзмандон мебошад. Худованд дар Қуръони карим дар бобати садақа додан мефармояд: «Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош аст ва ҳар ки бадие оварад, ба ҷуз мисли он ҷазо дода нахоҳад шуд»», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки агар садақаи Фитр мувофиқи таъйиноти воқеии худ, яъне ба ятимону маъюбон, беморон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони ниёзманд бо эҳсоси сидқу меҳрубонӣ анҷом дода шавад, савоби бештар дорад ва ин амал, бешубҳа, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати милливу эътиқодӣ ва суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

«Ба ҳамин хотир, Худованд дар Қуръони маҷид таъкид кардааст: «Эй касоне, ки имон овардаед! Садақаҳои худро бо миннат кардан ва озор додан ботил накунед, монанди касе, ки моли худро барои худнамоӣ ва риё ба мардум медиҳад ва ба Худову рӯзи қиёмат имон надорад»», — илова намуданд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 19, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад