Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва истифодаи технологияи муосири соҳавӣ дар ин самт шинос гардиданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳайати меҳмонон нахуст аз студияҳои сабти овози Хонаи Радио ва студияи навтаъсиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо навтарин технологияи сабти садо ва шоу-барномаҳо муҷаҳҳаз гардиданд, боздид намуда, дар хусуси раванди таҳияи барномаҳо ва шакли пешниҳоди онҳо маълумот гирифтанд. Баъдан байни рӯзноманигорони ду давлат мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Моувини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода доир ба таърихи бунёди Хонаи Радио ва ташкили студияи сабти садо маълумот дода, изҳор дошт, ки иттилоот дар замони имрӯз хеле муҳим ва дорои арзиши баланд мебошад, аммо тарзи пешниҳод ва баррасии масъалаҳо дар хабару мақолаҳо аз хабарнигорон масъулияти бештарро талаб мекунад. Дар ин замина истифодаи дурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти имрӯзи ҳар як расона аз дастовардҳои муҳими соҳа ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз рӯзноманигорони тоҷик бо дарназардошти ин хусусиятҳо пайваста талош менамоянд то дар ҷаҳони имрӯзи иттилоот мавқеи сазовор дошта бошанд ва бо таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ фазои иттилоотии Тоҷикистонро фаро бигиранд.
Рӯзноманигорони тоҷику қирғиз дар хусуси тарзи пешниҳоди маводи интернетӣ ва хабару гузоришҳои фаврӣ изҳори назар намуда, барои пур кардани фазои иттилооттӣ ва баррассии муҳимтарин масъалаҳое, ки ба фаъолияти рӯзноманигорон дахл дорад, назару андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунини таҳкими ҳамкорӣ байни ВАО-и ду давлати ҳамсоя ба манфиати ҷонибҳо арзиёбӣ гардид.
Сипас ҳайати хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Телевизиони Сафина», ки ин шабакаҳо низ бо таҷҳизоти муосир ва сатҳи баланди соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, шинос шуданд.
Зимни суҳбат бо масъулин ва хабарнигорони ин расонаҳои иттилоотӣ ва боздид аз студияҳои сабту пахши барномаҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳайати эҷодию техникӣ бо истифода аз таҷҳизоти рақамӣ, фаъолияти худро ба роҳ монда, тибқи талаботи замони нав барномаҳоро пешниҳод менамоянд.
Таъкид гардид, ки рӯзноманигорон талош бар он доранд, дар замоне, ки технологияи муосир ва сомонаҳои иҷтимоӣ мавқеи чашмгире дар ҷомеа доранд, дар радифи пешниҳоди барномаҳо бо шакли анъанавӣ аз ин воситаҳо низ самаранок истифода баранд ва доираи бинандаҳои худро дар дохил ва хориҷи мамлакат боз ҳам бештар намоянд.
Дар назар аст, ки давоми рӯз гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон ҳамчунин аз нашриёти «Муосир» ва студияи телеизионии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намоянд.
Маврид ба тазаккур аст, ки сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон то 27 март идома меёбад ва онҳо ҳамчунин мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Норак ва ноҳияи Варзобро тамошо менамоянд.
Ҳадафи асосии сафар таҳкими ҳамкории иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мегардад.
Дар доираи сафар хабарнигорони Қирғизистон дар намоишҳои Ҷашни байналмилаии Наврӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор низ иштирок намуда, бо суннату ойинҳои қадимии Наврӯз, расму анъанаҳои миллӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.
Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ боздид карда, ба фазои идонаи наврӯзӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
Боздиди хабарнигорони Қирғизистон аз Тоҷикистон сафари ҷавобӣ буда, онҳо дар ин муддат дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳамин монанд гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 ба Қирғизистон сафар намуда буд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд






