Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд

Март 23, 2026 12:00

​ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонон бо нодираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, осори таърихию фарҳангии ниёгон, ёдгориҳои ҳудуди мамлакат ва шоҳкориҳои беназири тоҷикон, инчунин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 9 июли соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Сарвари кишвари мо туҳфаи арзишманди фарҳангӣ — эҷоди нодири ҳунариро таҳти унвони «Дуои Модар» тақдим намуданд.

Ин туҳфа, ки аз ҷониби ҳунармандони моҳири қирғиз бо усули дастӣ аз пашм ва рангҳои табиӣ бо андозаи 78х116 см омода шудааст, намунаи нодири санъати суннатии намадсозии қирғизӣ маҳсуб мешавад. Дар ин шоҳкорӣ лаҳзаи пурмуҳтавои эҳсосотӣ — тасвири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо модарашон, ки дар ҳолати даст ба дуо мебошанд, инъикос ёфтааст. Ин манзара рамзи садоқати фарзанд ба волидайн, арҷгузорӣ ба арзишҳои оилавӣ ва неруи маънавии амиқи суннатҳои миллиро ифода менамояд.

Ҳар ҷузъиёти ин асар аз ҷониби ҳунармандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо маҳорати баланд ва муҳаббати хос бо эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ омода гардидааст, ки бозгӯи эҳсоси самимӣ ва дӯстонаи халқҳои бародар мебошад.

Ин туҳфаи фарҳангӣ ифодагари рамзи эҳтироми самимии халқи қирғиз ба халқи тоҷик ва нишонаи дӯстии устувор байни ду давлат мебошад. Ин туҳфаи нодир дар асоси дастури Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд. Туҳфаи мазкур тибқи муқаррароти осорхонавӣ дар экспозитсияи доимамалкунандаи осорхона ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Хабарнигорони Қирғизистон имрӯз ҳамчунин бо маконҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе- Маҷмааи «Истиқлол» ва Кохи Наврӯз шинос мешаванд.

Сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон аз 22 то 27 март идома ёфта, онҳо бо фаъолияти муассисаҳои телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои Тоҷикистон шинос мешаванд. Ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Қирғизистон мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзобро тамошо менамоянд.

Ҳадафи асосии сафар таҳкими ҳамкории иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мегардад.

Дар доираи сафар хабарнигорони Қирғизистон дар Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» иштирок намуда, бо суннату ойинҳои қадимии Наврӯз, расму анъанаҳои миллӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.

Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ боздид карда, ба фазои идонаи наврӯзӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.

Боздиди хабарнигорони Қирғизистон аз Тоҷикистон сафари ҷавобӣ буда, онҳо дар ин муддат дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳамин монанд гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 ба Қирғизистон сафар намуда буд.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 23, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад»