Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консорсиуми ширкатҳои «HITACHI ENЕRGY»-и Шветсия ва «Cobra Instalaciones y Servicios S.A.»-и Испания хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000»-ро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Покистон (Навшера) то моҳи майи соли 2028 ба анҷом мерасонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин мувофиқа дар натиҷаи муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки дар шаҳри Людвикаи Шветсия оғоз гардид, ба даст омад.
Он имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ ва истифодаи устувори иншооти калидии инфрасохтори лоиҳа таъмин гардида, ҳамзамон шароити мусоид барои анҷоми сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар ҳудуди Афғонистон фароҳам оварда шавад. Ба анҷом расидани он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Бо ин роҳ инфрасохтори лоиҳаи «CASA-1000» то соли 2027 пурра ба шабакаи барқ пайваст карда мешавад.
Бояд гуфт, ки аз чор се кишвари иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон аллакай сохтмони иншоотро дар доираи лоиҳа ба анҷом расонидаанд. Интизор меравад, ки сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар Афғонистон то соли 2027 хотима ёбад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






