КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи март дар мамлакат кишти сабзавот оғоз мегардад. Аввали моҳи март кишварзони баъзе шаҳру ноҳияҳо дар 15 944 гектар сабзавот кишт намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзиии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, моҳи март дар ҷануби мамлакат аллакай марҳилаи шинонидани кӯчати помидору бодиринги барвақтӣ дар замини кушод оғоз мегардад.
Тавсия дода мешавад, ки пеш аз шинонидани кӯчати сабзавот замин ҳамвор карда шуда, кашидани ҷӯяк барои помидори навъҳои маҳаллӣ дар байни қатор 70 сантиметр, байни растанӣ 30 сантиметр, барои навъҳои дурага (гибрид) байни қатор 80 сантиметр ва байни растанӣ 50 сантиметр тавсия дода мешавад. Барои шинонидани кӯчати бодиринги барвақтӣ дар замини кушод бо шакли байни қатор 150 сантиметр ва байни растанӣ 30-сантиметрӣ тавсия дода мешавад. Ҳангоми шинонидани кӯчати помидор ва бодиринги барвақтӣ дар замини кушод ба ҷойгиршавӣ ва шумораи кӯчат барои 1 гектар аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст, зеро солимии зироат аз зичии кӯчат дар майдон вобастагии калон дорад.
Олимони соҳаи кишварзӣ таъкид менамоянд, ки баъд аз шинонидани кӯчати помидору бодиринг дар замини кушод то фарорасии мавсими гулкунӣ намии хок бояд 70 фоиз бошад.
Ҳанчунин гуфта шуд, ки дар давраи нашъунамо обмонӣ, ғизодиҳии сабзавот ва коркарди байни қаторҳо яке аз корҳои муҳими агротехникӣ дониста мешавад.
Дар вилояти Суғд мавсими кишти тухми помидору бодиринг дар тубакчаҳо мебошад. Тавсия дода мешавад, ки барои парвариши кӯчат дар тубакчаҳо ҳатман аз компост истифода баред, зеро компост хоки сабук буда, дар сабзиши тухмӣ мушкилӣ пеш намеояд. Инчунин дар вақти кишт ба навъи тухмии сабзавот бештар аҳамият додан зарур аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд






