Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад

Март 28, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо ба рушди илму фарҳанг, балки ба равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат менамояд. Ҳамасола дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ин макон сайёҳони зиёди хориҷӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърих фарҳанг ва анъанаҳои халқи тоҷик меоянд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ин мавзеъ намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ташкил гардида, маҳсули дасти ҳунармандону косибони номдор ба маърази тамошо гузошта мешавад.

– «Қалъаи Хуҷанд» яке аз калонтарин қалъаҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст. Ин қалъа дар асрҳои ҳафтуми пеш аз мелод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд.

«Қалъаи Хуҷанд» иншооти бузурги фарҳангӣ буда, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таъмиру навсозӣ моҳи апрели соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, дар ҳудуди он бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.

Этнографҳо ба он назаранд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамоянд ва амалӣ намудани ин иқдом дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад.

Дар ин 8 ҳавлии қадимӣ, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мешаванд. Дар ин ҷо ҳамзамон ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудаанд.

Дар ин маҷмааи фарҳангию таърихӣ «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» ҷойгиранд, ки диққати сайёҳонро ба худ бештар ҷалб менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» соли 2024 аввалин аудиоспектакл-променад (намоиши садоии сайёр) барои меҳмонону сайёҳон ба роҳ монда шуд.

Мақсади асосии ин лоиҳа рушди соҳаи фарҳанг ва ба сокинону сайёҳон бо роҳи наву ҷолиб муаррифӣ намудани мероси қадимии халқи тоҷик мебошад. Дар ин ҷо меҳмонону сайёҳон имкон доранд ҳамарӯза бо истифодаи таҷҳизоти аудиошунавоӣ аз манзараҳои ҷолиб тавассути тасвири зинда бо симои қадимии шаҳр ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гарданд.

Ба иттилои масъулин, ҷаҳонгардону меҳмонон ҳангоми омадан ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд имкон доранд нақли пуртаъсирро оид ба дирӯзу имрӯзи шаҳр, ки бо коркарди мусиқӣ омода шудааст, гӯш кунанд. Муҳтавои он барои аудиторияи васеъ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрасу фаҳмо буда, арзиши таърихию омӯзишӣ низ дорад.

Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ буда, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардидааст.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд