Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои бадастовардаи ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имсол ба Низомномаи озмун якчанд тағйирот ворид гардид.
Тавре сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳмонзода иброз намуд, имсол портали электронии озмун таъсис дода шуд.
«Ҳадаф аз таъсиси портали электронӣ он аст, ки дар он ғолибони даври дуюми озмун вобаста ба номинатсияҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пурра ба қайд гирифта мешаванд. Ин раванд шаффофияти озмун ва дақиқ будани холҳои бадастовардаи ғолибонро нишон медиҳад», афзуд Аҳмадҷон Раҳимзода.
Ба андешаи ҳамсуҳбат, таҷрибаҳои қаблии баргузории озмун нишон медиҳанд, ки баъзе довталабон бар хилофи низомнома такроран хоҳиши иштирок кардан доранд. Барномаи мазкур ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ менамояд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, таъсиси портали электронӣ ҳамзамон ба пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат менамояд. Ин иқдом барои рақамикунонии озмуни мазкур дар оянда махзани пурраи маълумот мебошад.
Ба иттилои сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имсол қисмати назариявии даври чоруми озмун тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ин раванд низ ба шаффофияти корҳои хаттии довталабон таъсир мегузорад. Он нафароне, ки аз қисми назариявӣ соҳиби аз 50 фоиз камтар хол мегарданд, ба қисми амалии озмун вобаста ба номинатсияи интихобшуда роҳ дода намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.
Барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои гузаронидани озмун 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, 650 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2025 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чанд маротиба зиёд шуда, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд






