Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Март 23, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси Конуни тамаддуни ориëӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ: дирӯз ва имрӯз» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд, дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва пажуҳишгарону форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар Паëм ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориëӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шаванд. Ин ташаббус бори дигар аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат барои эҳё, таҳқиқ ва муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва тамаддуни куҳанбунёди ориёӣ гувоҳӣ медиҳад.

Тамаддуни ориëӣ яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ буда, дар ташаккули фарҳанг, забон, ҷаҳонбинӣ, низоми иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавии бисёр халқҳо нақши бунёдӣ бозидааст. Илмҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ собит менамоянд, ки қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии ташаккули тамаддуни ориёӣ ба шумор меравад.

Маркази байналмилалии Наврӯз инчунин метавонад ба рушди илми фарҳангшиносии муқоисавӣ мусоидат намояд. Наврӯз имрӯз дар бисту ду давлат ҷашн гирифта мешавад ва ҳар миллат ба он унсурҳои хосашро ворид кардааст.

Гуфта шуд, ки аз дидгоҳи илмӣ бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои илмӣ-фарҳангии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки тамаддуни ориёӣ яке аз тамаддунҳои бостонии башарият ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии он барои таҳкими худшиносии миллӣ, густариши ҳамкории илмӣ ва муколамаи фарҳангҳо аҳамияти махсус дорад.  Омӯзиш ва муаррифии тамаддуни ориёӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аҳамияти калон дорад. Арзишҳо ва суннатҳои муштараки фарҳангӣ метавонанд заминаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории фарҳангиву илмӣ дар байни халқҳо гарданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 23, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд