Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Баъди оғоз бахшидан ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи “Қуттии тоҷик” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар идомаи иқдомҳои созанда ба ифтихори истиқбол аз 35-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон сохта шуда, дар ноҳия калонтарин иншооти хизматрасонӣ ба шумор меравад.
Иншоот бо фарогирии васеи хизматрасониҳо барои аҳолӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, дар он намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷиҳози рӯзгор пешниҳод мегарданд.
Дар гӯшаи алоҳидаи толори фурӯш нонвойхона ва нуқтаҳои махсуси пухтани шириниҳо ва хӯришҳои болаззат фаъолият менамоянд.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дорои ошхонаи муосир аст, ки дар он номгӯи зиёди таомҳои милливу аврупоӣ омода карда мешавад.
Барои фароғати кӯдакон низ шароити мусоид муҳайё гардида, толори бозӣ ва дилхушӣ барои онҳо фазои шоду хотирмон таъмин мекунад. Ба хотири дар сатҳи баланд пешниҳод намудани чунин хизматрасониҳо 36 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Бо фаъол гардидани корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дар деҳоти Исфисор, ки барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст, шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар ҳудуди вилоят ба 68 адад расид.
Корхона аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон дар масоҳати 6,7 садяк замин бо харҷи зиёда аз 12 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хатҳои технологӣ тавлиди нави ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, дар кишварҳои минтақа камназир аст. Ин технология метавонад дар як вақт то 200 ҳазор сар парандаро ба таври худкор бо обу ғизо таъмин намояд. Усули нави фаъолият фосила байни чӯҷа ва инсонро зиёд намуда, талафоти мурғро коҳиш медиҳад. Ин раванд эҳтимоли расидан ба нишондоди лоиҳавӣ, истеҳсоли 1900 тонна гӯшти мурғро дар як сол бештар мекунад.
Ҳоло дар корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чӯҷаи байзо” 30 сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дорои нуқтаи махсуси забҳи паранда мебошад. Раванди забҳ бо риояи пурраи талаботи беҳдоштӣ ва стандартҳои санитарӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулот бо тартиби хос банду баст шуда, бо сифати баланд пешниҳоди бозори истеъмолӣ карда мешавад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти чунин корхонаҳо ба ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, устувории иқтисоди миллӣ ва ба рушди соҳаи саноат низ заминаҳои воқеӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои фароҳамбуда тақвияти соҳаи парандапарварӣ дар кишвар зарур дониста шуд.
Дар ҳарду иншоот – Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” ва корхонаи парандапарварӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ кушода шуд, 66 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори ҳавозавии хоҷагии “Шамсу Қамар” дар деҳоти Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардиданд.
Токзор дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар масоҳати 8,55 гектар бо саҳми соҳибкор Шавкат Расулзода бунёд карда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар қитъаи замин 5 ҳазору 500 бех ниҳоли ангури навъҳои беҳтарини содиротӣ, аз ҷумла “Ҳусайнии сафед” ва “Ҳусайнии сиёҳ” шинонида шуда, барои шодоб намудани ин мавзеъ аз умқи 120 метр об бароварда шудааст.
Токзори нав, ки дар доираи амалишавии барномаҳои давлатии соҳавӣ бунёд карда шудааст, оянда барои таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи меваи шаҳдбори ватанӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати беш аз 10 ҳазору 500 гектар боғ мавҷуд аст, ки 3 ҳазору 200 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Майдони токзори ҳавозавӣ дар ноҳия зиёда аз 300 гектарро ташкил намуда, ин масоҳат дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамасола аз боғу токзори ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 38 ҳазор тонна мева, аз ҷумла 8 ҳазору 500 тонна ангур истеҳсол мегардад, ки баробари таъмини талаботи дохилӣ ба содирот низ равона карда мешавад.
Хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин баробар қатори байни боғҳоро самаранок истифода намуда, дар кишти асосӣ гандум ва дар мавсими такрорӣ лӯбиёдонагиҳо кишту парвариш мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҷараёни нашъунамои токзори ҳавозавии хоҷагӣ ба таҷрибаи аҳли заҳмат баҳои арзанда дода, дар шароити дигаргуниҳои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ барои истифодаи мақсадноку оқилонаи ҳар як қитъаи корам дастуру ҳидоятҳо доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт






