Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд

Март 29, 2026 13:15

ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи 5 иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ шинос шуданд.

Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг» аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки аз Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Дар корхонаи саноатӣ шумораи кормандон мувофиқ ба талаботи бозор ва иқтидори хатҳои технологӣ тадриҷан ба 50 кас расонида мешавад. Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот аз ҳадафҳои асосии фаъолияти корхона мебошад.

Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкор Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодурзода бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор дар самти истифодаи мақсаднок аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, овардани технологияи муосир, таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда баҳои баланд доданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ баъди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ду намуди обҳои ташнашикан истеҳсол карда мешавад. Истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, мувофиқ ба талаботи бозор афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани шумораи кормандон аз ҳадафҳои минбаъдаи соҳибкорон маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли макарон, корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, корхонаи коркарди пахта, гармхонаи муосир ва маркази хизматрасонии «Суғд мол» муаррифӣ карда шуд.

Дар корхонаи макарон 5 намуди маҳсулот истеҳсол ва ба бозор пешниҳод мегардад. Технологияе, ки ворид карда мешавад, дар як соат барои истеҳсоли то як тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии маркази хизматрасонии «Суғд мол» 14 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот дар асоси лоиҳа мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд 15 октябри соли 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён ва коргоҳи дузандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба соҳибкорон супориш дода буданд, ки тавассути вусъат бахшидани самти фаъолият то ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як маркази муосири хизматрасонӣ бунёд намоянд.

Ҳамин тавр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат сохтмони маркази хизматрасонии «Суғд мол» оғоз гардида, бомаром ҷараён дорад. Соҳибкорон нақша доранд онро дар рӯзҳои таҷлили санаи муҳими таърихӣ бо таъсиси даҳҳо ҷои кории нав мавриди истифода қарор диҳанд.

Корхонаи хуроки чорво дар шаҳри Бӯстон барои истеҳсоли 12 намуди хӯроки омехта барои чорво, паранда ва моҳӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори умумии корхона 10 тонна маҳсулот дар як соатро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар майдони 10 гектар бунёди гармхона ба нақша гирифта шудааст. Раванди истеҳсоли сабзавот бо истифода аз таҷҳизоти муосир мувофиқ ба талаботи бозори истеъмолӣ ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи дигар, корхонаи коркарди пахта аст, ки иқтидораш дар як рӯз коркарди то 50 тонна маҳсулот хоҳад буд. То сатҳи ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ самти асосии фаъолияти корхона хоҳанд буд.

Дар маҷмуъ баъди татбиқи 5 лоиҳаи нав аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди вилояти Суғд тақрибан 1500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини марбутаи вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои анҷоми босифати кор дар лоиҳаҳо, васеъкунии имконият барои то сатҳи ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, фарогирии шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ба шуғл ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҷалб карданд.

Март 29, 2026 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд