Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бузургии зан – модар давоми таърих аз ҷониби ҳазорон мутафаккирон, ҳакимон, файласуфон ва шоирони маъруфи ҷаҳон ба таври шоиста васфу ситоиш гардида, ин анъана бо муҳаббату самимияти наслҳои инсоният минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар изҳор намуданд.
Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, зан – модар ҳамчун мавҷуди офарандаи фарзанд на танҳо фариштаи ҳусну малоҳат ва нафосату зебоӣ, балки ҳамчун меҳвари хонавода пайвандгари оила бо ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки модар давоми ҳазорсолаҳо рисолати бузурги худро ҳамчун нигоҳдорандаи забон, фарҳанг, суннату арзишҳои неку созандаи миллати бостонии тоҷик иҷро намуда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо нақши барҷаста бозидааст.
АКС аз бойгонӣ








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






