РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро 574 ҳазору 761 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намуданд, ки аз ин шумора 536 ҳазору 332 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 38 ҳазору 429 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра сайёҳон бештар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Осорхонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин табиати нотакрори мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, аз ҷумла Сари Хосор, Чилдухтарон ва оромгоҳи Султон Увайси Қараниро тамошо кардаанд.
Дар айни замон дар минтақа беш аз 35 мағозаи фурӯши армуғонҳо барои сайёҳон фаъолият менамоянд. Дар ин мағозаҳо беш аз 60 номгӯй маҳсулоти гуногун ба фурӯш гузошта шудааст. Инчунин дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Балҷувон марказҳои иттилоотӣ фаъолият менамоянд.
Дар минтақаи Кӯлоб 472 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 27 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 73 меҳмонхона, 54 мавзеи сайёҳӣ, 28 осорхона, 15 ширкати сайёҳӣ, 78 зиёратгоҳ ва даҳҳо тарабхона, чойхона, марказҳои иттилоотӣ ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок мебошад. Аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат маблағҳои зиёд ворид гардида, дар рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд.
Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти хеле калон дорад. Агар ин имконот пурра истифода шаванд, ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ ба мамлакати мо барои тамошои маконҳои ҷолиб меоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






