Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло бо иштироки Сарвазири мамлакат бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Масоҳати бино 83 метри мураббаъро ташкил дода, аз се ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Баъди ба истифода додани иншоот 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Сарвазири мамлакат зимни ифтитоҳи бунгоҳ иброз намуд, ки ба истифода супоридани чунин иншооти соҳаи тандурустӣ ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинони маҳалла мусоидат намуда, заминаи мусоиди ҳифзи саломатии аҳолиро фароҳам меорад. Бунёди иншоот далели таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти мамлакат ба рушди соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар ноҳия мебошад.
Ҳамчунин дар деҳоти Даштигуло Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба истифода дода шуд. Ин муассиса дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба таҳкими соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиби таълим барои хонандагон равона карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳаллаи навбунёди Фазл Набӣ дар қисмати шимолии деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло воқеъ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст. Маҳалла аз 148 хоҷагӣ иборат буда, дар он 1038 нафар истиқомат мекунанд. Бо сабаби набудани муассисаи таълимӣ хонандагони маҳалла маҷбур буданд ҳар рӯз зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда, роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархорро гузашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №52, ки дар деҳаҳои Тагноб ва Файзободи деҳоти Даштигуло ҷойгиранд, таҳсил намоянд. Бо назардошти ин зарурат бунёди муассисаи нави таълимӣ дар ин маҳалла иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.
Бинои муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он синфхонаҳои фанҳои химия, биология, физика, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи инкишофи кӯдак, утоқи директор, утоқи омӯзгорон ва дигар синфхонаҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд. Иншоот бо маблағи 6 миллиону 356 ҳазору 594,31 сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар доираи сафари Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳи мошингарди дохили деҳаи Пахтакори деҳоти Даштигулоро мавриди истифода қарор дода шуд.
Дарозии роҳ 3530 метрро ташкил дода, деҳаи Пахтакорро ба роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархор пайваст менамояд. Корҳои сохтмонӣ аввалҳои моҳи июни соли 2025 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пурра ба анҷом расонида шуд.
Паҳноии роҳ 5 метрро ташкил дода, бо ғафсии 8 сантиметр мутобиқ ба талаботи муосири роҳсозӣ мумфарш гардидааст. Баъди ба истифода додани ин иншоот ҳаракати нақлиёт осону бехатар гардида, шароити рафтуомади сокинон хеле беҳтар мешавад.
Зимни ифтитоҳи роҳ Сарвазири мамлакат иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, гуфт, ки чунин ободонию созандагӣ дар арафаи ҷашни миллӣ далели равшани ҳисси баланди ватандӯстии сокинон мебошанд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду навсозии дигар роҳҳои маҳаллӣ низ идома дошта, татбиқи онҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд






