Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 15.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи чорабиниҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ба муносибати ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» («GIAHS» -Globally Important Agriculture Heritage System) ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, дар назди Маркази савдою хизматрасонии «Алмосӣ» муҷассама сохта мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, пайкарасозон бо тавсияи коршиносони соҳаи меъморӣ лоиҳаи маҷмааро бо сабки меъмории анъанавии тоҷикӣ, нақшу нигор ва санъати миллӣ, иборат аз ду пайкараи марду зане, ки бо хушҳолӣ сабади меваю ангур ва баррача рӯи даст доранд, болои пояи мармарини дохили секунҷаи гулпӯш тарҳрезӣ кардаанд. Маҷмаа басе зебою пурмазмун ба назар мерасад ва яке аз гӯшаҳои дилрабою макони меваҳои ширин ва ватани гӯсфанди зоти ҳисорӣ будани Ҳисори зарнисорро таҷассум менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 7-8 июли соли 2025 дар пойтахти Италия — шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.
Солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо дар ин мавзеъ корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру таҷдид ва навсозӣ карда шудаанд.
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, низоми кишоварзии нодирро доро мебошад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунад. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тоифии гулобӣ, ки ба иқлими ин маҳал хеле мутобиқ аст, парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокию шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар ин минтақа гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ аст, парвариш карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид






